Ҷадвали қабули шаҳрвандон
Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори таркибии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазифа ва ӯҳдадориҳои Сарраёсати консулӣ:
- барасмиятдарорӣ ва таҳияи раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;
- барасмиятдарорӣ, таҳия, иваз намудан, бекор кардани шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баррасии ариза ва муроҷиати шаҳрвандон нисбати талаби ҳуҷҷатҳо;
- иҷрои таъйиди консулии ҳуҷҷатҳо ва санадҳо.
Ҳамаи дархост ва ҳуҷҷатҳое, ки ба хизматрасонии консулӣ вобаста мебошанд, бевосита дар Раёсати консулӣ, дар суроғаи: кӯчаи Пушкин 34, дар рӯзҳои корӣ аз соати 08-30 то 11-00 қабул гардида, ба қайд гирифта мешаванд.Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули мизоҷонро оид ба масъалаҳои хизматрасонии консулӣ бо тартиби зерин ба роҳ мондааст:
Қабули ҳуҷҷатҳо | (Барои ҳамагон, ҳамарӯза, ба ғайр аз рӯзҳои истироҳатӣ) |
Душанбе - Ҷумъа | аз 08.30 то 11.00 |
Қабули намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ | Намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бе навбат, аз равзанаи алоҳида қабул карда мешаванд |
Душанбе, Панҷшанбе, Ҷумъа | аз 09.30 то 12.00 |
Қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои гирифтани ҷавоб ба мактубҳо | Дар вақти нишондодашуда танҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд |
Душанбе, Панҷшанбе, Ҷумъа | аз 14.00 то 17.00 |
Телефонҳо барои тамос:
- 227-62-62
- таҳияи раводид
- таҳияи тасдиқи даъват
- таҳияи шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвадӣ
- таъйиди ҳуҷҷатҳо
-
(37) 884-24-24
- таҳияи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ