Низоми додани раводидҳои электронӣ

Раводид чист?

Раводид – ин иҷозате мебошад, ки он ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бетабаа (бешаҳрванд) барои убури сарҳади давлатӣ бо мақсади вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва /ё хуруҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош (иқомат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва убури транзитӣ тавассути марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати дар раводид нишондодашуда пешниҳод карда мешавад.

«Раводид» аз «раводиди электронӣ» чӣ фарқ дорад?

Раводид дар қоғази махсуси дорои хусусиятҳои ҳимоявӣ аз сохтакорӣ (қалбакикорӣ) дар намуди тамғақоғаз гузошта мешавад, ки он дар саҳифаи махсусан ҷудокардашуда барои раводид дар шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати онро ивазкунанда насб карда мешавад. Чунин категорияи раводидро раводиди стандартӣ ё стикерӣ низ мегўянд. Шурўъ аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани дархост ба гирифтани раводид ба роҳ монда шуд. Дархостҳо барои гирифтани раводиди стандартӣ ба сомонаи инернетии www.visa.gov.tj. дода мешаванд.

Бо мақсади роҳ надодан ба нофаҳмиҳо иттилоъ медиҳем, ки низоми электронии таҳияи раводидҳо дар Тоҷикистон ба низоми раводиди электронии тоҷикистонӣ, ки дар сомонаи интернетии www.evisa.tj. таҳия карда мешаванд, алоқамандӣ надорад. Ин раводиди якдафъаина аст, ки ба муддати 90 рўз дода шудааст, вале дорандаи ин раводид дар Тоҷикистон метавонад на бештар аз 45 рўз, шурўъ аз санаи будубоши худ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешгўинашаванда (форс-мажор).

Ҳолати пешгўинашаванда (форс-мажор) чиро дар назар дорад?

Тибқи Қоидаҳои таҳия, додани раводидҳо ва раводидҳои электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа (бешаҳрванд), ҳолатҳои форс-мажорӣ ҳолатҳои пешбининашаванда ва бартарафнашаванда мебошанд, ки онҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда (фалокатҳои табиӣ, амалиётҳои ҳарбӣ (низомӣ) ва ҳодисаҳои ба ин монанд) рух медиҳанд.

Муҳлати амали раводидро дар куҷо ва чӣ тавр тамдид намудан мумкин аст?

Муҳлати амали раводидро Раёсати сарконсулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси раводиди қаблӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи чунин навъи тамдид ба муҳлате, ки бо ихтиёри шахси масъули консулии ваколатдори тамдиди раводид муайян шудааст, метавонад тамдид намояд, ба истиснои мавридҳое, ки дар ин Қоидаҳо пешбинӣ гардидаанд.

Раводиди сайёҳатӣ (Т) ва раводиди хусусӣ (ХС1) тамдид карда намешаванд.

Дар мавриди бо гуноҳи шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа ва ё дархосткунанда мурур кардани (гузаштани) муҳлати амали раводид, онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Дар мавриде, ки агар дар шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа раводид бо муҳлати мурурнакардаи амал ё муҳлати истифоданашуда мавҷуд бошад, раводиди нав шурўъ аз рўзи мурури муҳлати амали раводиди қаблӣ қувваи эътибор пайдо мекунад.

Барои тамдид намудани муҳлати амали раводид тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ пардохт карда мешавад.

Барои тамдиди раводид кадом ҳуҷҷатҳо талаб карда ммешаванд?

а) ҳуҷҷати мусофират (омаду рафт);
б) варақа (анкета)-и раводид, ки бо истифодаи воситаҳои техникӣ тавассути Интернет пур карда шудааст ва аз тарафи дархосткунанда пас аз ирсоли варақа тавассути шабаки иттилоотии электронӣ ба мақоми ваколатдор чоп карда шудааст;
в) расми дархосткунанда тибқи андоза ва сифати муқарраргардида;
е) маълумотномаи тиббӣ оид ба ташхиси тиббӣ ба ВИЧ\СПИД аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа барои гирифтани раводид ба муҳлати беш аз се моҳ, ба истиснои раводидҳои дипломатӣ, хизматӣ, инвесторӣ ва гуманитарӣ;
ё) расида (квитансия) оид ба пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.

Қарор оид ба тамдиди раводид кай қабул карда мешавад?

Муҳлати қабули қарор оид ба тамдиди раводид дар муддати 10 рўзи корӣ аз рўзи пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ муқарррар карда мешавад, агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Дар кадом мавридҳо раводидро бекор донистан мумкин аст?

Агар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба кўтоҳ кардани муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд, раводиди онҳо бекор дониста мешавад, дар он штамп бо навиштаҷоти «бекор дониста шудааст» гузошта мешавад ва раводиди хориҷшавӣ дода мешавад.

Дар мавриди қабул шудани қарор оид ба берункарди шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, раводиди онҳо аз тарафи Раёсати сарконсулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор дониста мешавад. Иттилоот оид ба ин шаҳрванд ба «Рўйхати шахсони манъшуда» ворид карда мешавад.

Раёсати сарконсулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди номутобиқ будани категорияи раводид бо мақсадҳои воридшавии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа, вазифадор аст онро бекор донад ва категорияи дахлдори раводидро таҳия намояд.

Дар кадом мавридҳо раводидро барқарор кардан мумкин аст?

Дар мавриди нуқси техникӣ доштани раводид, вайрон омадан ва ё гум кардани он, пас аз санҷиши асосҳо ва тасдиқи далелҳо додани раводид бояд барқарор карда шавад.

Ҳуқуқи барқарор кардани раводидро Раёсати сарконсулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон дар асоси дархости хаттии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ё дархости хаттии ташкилот ва ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб аст.

Дар мавриди бекор донистани шиносномаи қаблӣ вобаста ба иваз кардан ё гирифтани шиносномаи нав аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки соҳиби раводиди амалкунанда мебошанд, раводидро дар шиносномаи нав дар асоси дархости хаттии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа барқарор кардан мумкин аст.

Ҳисобгирии раводидҳои додашуда чӣ тавр ба роҳ монда мешавад?

Ҳисобгирӣ дар шабакаи иттилоотии электронӣ аз тарафи Раёсати сарконсулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бюрои консулӣ дар фўрудгоҳҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Оё шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандони хориҷӣ /шахсони бетабааро даъват кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандони хориҷӣ /шахсони бетабааро даъват кардаанд, барои будубоши қонунии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд ва дар мавриди нокифоя будани воситаҳои моддӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ /шахсони бетабаа(бешаҳрванд) барои хуруҷ ва ё дар мавриди берункарди шаҳрвандони хориҷӣ /шахсони бетабаа(бешаҳрванд) аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии моддӣ кашида мешаванд.

Дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки пештар шаҳрвандони хориҷӣ /шахсони бетабааро даъват карда буданд ва онҳо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда буданд, дар таҳияи тасдиқи даъватнома ва раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда намешаванд.