Низоми раводид бо кишварҳои хориҷӣ
Дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи баимзорасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, тартиби омадурафти бе раводид бо шиносномаҳои муқарраршуда, нисбати кишварҳои зерин амал мекунад:
Мамлакат | Навъи шиноснома | Мӯҳлат |
Афғонистан | дипломатӣ | то 30 рӯз |
Арманистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - |
Озарбойҷон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 90 рӯз |
Беларус | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - |
Гурҷистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - |
Қазоқистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - |
Қирғизистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - |
Молдова | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - |
Федератсияи Россия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - |
Кореяи Шимолӣ | шиносномаҳои хидматӣ ва дипломатӣ | - |
Кореяи Ҷанубӣ | шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ | то 90 рӯз |
Хитой | сшиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ инчунин бо шиносномаҳои таъиноти хизматӣ (бо мӯҳри «Хидматӣ») | то 30 рӯз |
Бруней Доруссалом | шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ | то 14 рӯз |
Венгрия | шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ | то 90 рӯз |
Руминия | шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ | то 90 рӯз |
Покистон | шиносномаҳои дипломатӣ | то 90 рӯз |
Туркия | шиносномаҳои хизматӣ ва дипломатӣ | то 30-90 рӯз |
Ҳиндустон | шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ | то 30 рӯз |
Эрон | шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ | то 30 рӯз |
Туркманистон | шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ | то 30 рӯз |
Украина | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 90 рӯз |
Узбекистон | шиносномаҳои дипломатӣ | то 30 рӯз |
Бо мақсади ҷалб намудани сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ, барои шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ тартиби соддаи қоидаҳои омаду рафт ва будубоши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи банди 45-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №31 аз 25 январи соли 2017 муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ғайр аз ҳолатҳои дар Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, инчунин агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигареро пешбинӣ нагардида бошад, муқаррар карда мешавад. Санаи муроҷиат барои додани раводид аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, муҳлати баррасии дархост барои додани раводид, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, метавонад ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.
Бо тартиби содда, ҳамаи навъҳои раводид танҳо ба шаҳрвандони 78 давлат, ки дар замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 №31 дарҷ гардидааст, судур карда мешавад.
НОМГӮИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶИЕ, КИ ШАҲРВАНДОНИ ОНҲО ҲУҚУҚИ БО ТАРТИБИ СОДДА ГИРИФТАНИ РАВОДИДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАНД
1. Австралия
2. Ҷумҳурии Австрия
3. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир
4. Ҷумҳурии Мисри Араб (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)
5. Ҷумҳурии Аргентина
6. Ҷумҳурии Булғористон
7. Гертсогии Бузурги Люксембург
8. Ҷумҳурии Маҷористон
9. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
10. Бруней-Доруссалом
11. Давлати Исроил
12. Ҷумҳурии Юнон
13. Ҷумҳурии Халқии Хитой
14. Ҷумҳурии Ирландия
15. Ҷумҳурии Исломии Эрон
16. Ҷумҳурии Исландия
17. Ҷумҳурии Италия
18. Канада
19. Давлати Қатар
20. Ҷумҳурии Кипр
21. Ҷумҳурии Эстония
22. Япония
23. Шоҳигарии Баҳрайн
24. Шоҳигарии Белгия
25. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
26. Шоҳигарии Дания
27. Шоҳигарии Испания
28. Шоҳигарии Марокаш
29. Шоҳигарии Нидерландия
30. Шоҳигарии Норвегия
31. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
32. Шоҳигарии Шветсия
33. Давлати Кувайт
34. Ҷумҳурии Латвия
35. Ҷумҳурии Литва
36. Ҷумҳурии Лубнон
37. Малайзия
38. Ҷумҳурии Малта
39. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
40. 3еландияи Нав
41. Аморати Муттаҳидаи Араб
42. Султонати Уммон
43. Ҷумҳурии Лаҳистон
44. Ҷумҳурии Португалия
45. Ҷумҳурии Корея
46. Ҷумҳурии Индонезия
47. Ҷумҳурии Хорватия
48. Руминия
49. Ҷумҳурии Сингапур
50. Ҷумҳурии Словакия
51. Ҷумҳурии Словения
52. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
53. Иёлоти Муттаҳидаи Америка
54. Шоҳигарии Таиланд
55. Ҷумҳурии Туркия
56. Ҷумҳурии Тунис
57. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
58. Ҷумҳурии Федеративии Германия
59. Ҷумҳурии Филиппин
60. Ҷумҳурии Финляндия
61. Ҷумҳурии Франсия
62. Ҷумҳурии Чехия
63. Конфедератсияи Швейтсария
64. Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ
65. Ҷумҳурии Исломии Покистон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Т», «Н»)
66. Ҷумҳурии Ҳиндустон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Н»)
67. Ҷумҳурии Яман (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)
68. Туркманистон
69. Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла
70. Ҷумҳурии Ӯзбекистон (нисбати раводидҳои «Д», «Х», «С», «МОИ», «Н»)
71. Шоҳзодагии Андорра
72. Вотикон
73. Шоҳзодагии Лихтенштейн
74. Шоҳзодагии Монако
75. Ҷумҳурии Куба
76. Ҷумҳурии Чили
77. Муғулистон
78. Ҷумҳурии Сенегал (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)